Бозии финалии мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми Рушд-2020» (Кубок Развития-2020) байни мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ва дастаи мизбон мунтахаби Беларус дар Минск дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5 бар 4 (вақти асосӣ 2:2) ба фоидаи футболбозони Беларус анҷом пазируфт.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин мусобиқа 8 дастаи мунтахаби наврасон иштирок карданд.

Гуфта мешавад, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Суннатулло Азизов, ки дар чаҳор бозӣ 3 гол задааст, ҳамлагари беҳтарини мусобиқа дониста шуд.

Иштирок дар мусобиқаи «Ҷоми Рушд-2020» яке аз марҳилаҳои омодагӣ барои мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ҷиҳати иштирок дар даври финалии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 мебошад, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.