Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал, ки бояд 26-уми феврал дар Ашқобод (Туркманистон) шурӯъ мегардид, ба таъхир афтода, рӯзи дақиқи баргузории он эълон нашудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, сабаби чунин тасмим дар сатҳи байнулмилалӣ авҷ гирифтани бемории коронавирус мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қуръакашӣ мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон бозӣ мекунад.

Дар натиҷаи чемпионат 5 дастаи беҳтарин қитъаи Осиёро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва ба нақша гирифта шудааст, намояндагӣ мекунанд.

Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал:

Гурӯҳи «А»: Туркманистон, Ветнам, ТОҶИКИСТОН, Уммон.

Гурӯҳи «B»: Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон, Кувейт.

Гурӯҳи «C»: Узбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.