Боз як муштзани тоҷикистонӣ Шаббос Неъматуллоев дар пайи Баҳодур Усмонов роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро сазовор шуд.
Шаббос, ки 10-уми март дар қувваозмоии аввали даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Осиё/Уқёнус дар вазни -81кг бар варзишгари Тайланд Йомҳот Ҷаккапонг пирӯз шуд, имрӯз дар қувваозмоии дуюми бокс-офф бар намояндаи Ҳиндустон Сачин Кумар ғалаба кард.
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шаббос дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Тайланд Ҷаккапонг Йомҳот пирӯз шуда буд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Бекзод Нурдавлатов шикаст хӯрд.
Дар вазни -81кг аз қораи Осиё/Уқёнус ба ғайр аз Шаббос Неъматуллоев, ҳамчунин Бекзод Нурдавлатов (Қазоқистон), Одаӣ Ал-Ҳиндавӣ (Урдун), Чен Дасианг (Чин) ва Пауло Аукусо (Австралия) ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпиро, ки аз 24 июл то 9 августи имсол дар Токиои Ҷопон баргузор мешавад, пайдо карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста