Даври дуюми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии мамлакат ба охир расид.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар садри ҷадвали чемпионат ду даста – “Истиқлол” ва “Хатлон” бо касби 6 холи имконпазир қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, дар ин давр “Истиқлол” дар Душанбе тими КМВА (ССКА)-ро дар майдони худ қабул карда, бо ҳисоби 2 бар 0 ва “Хатлон” дар меҳмонӣ бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо шуданд.
Натиҷаи бозиҳои дигари давраи дуюм, ки як рӯз пеш баргузор гардида буданд, чунинанд: «Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0; «Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3 ва «Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2.
Бозиҳои даври сеюм рӯзҳои 18 ва 19 апрел баргузор мешаванд: «Душанбе-83» – «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» (18 апрел), КМВА – «Локомотив-Помир», «Хатлон» – «Истиқлол» ва «Кӯктош» – «Хуҷанд» (19 апрел).
Ҷадвали мусобиқа пас аз ду давр
№ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
Х |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
2 |
2 |
0 |
0 |
9-0 |
6 |
2 |
«Хатлон» (Бохтар) |
2 |
2 |
0 |
0 |
5-3 |
6 |
3 |
«Кӯктош» (Рудаки) |
2 |
1 |
1 |
0 |
3-0 |
4 |
4 |
«Файзканд» (Восеъ) |
2 |
1 |
1 |
0 |
5-4 |
4 |
5 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
2 |
1 |
1 |
0 |
3-2 |
4 |
6 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
2 |
1 |
0 |
1 |
5-4 |
3 |
7 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
2 |
0 |
1 |
1 |
2-3 |
1 |
8 |
КМВА (Душанбе) |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-5 |
0 |
9 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-5 |
0 |
10 |
«Душанбе-83» (Душанбе) |
2 |
0 |
0 |
2 |
0-8 |
0 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳар ду – «Истиқлол») – 3 тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 2 тӯбӣ.