Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон рӯзҳои 11-12  апрел дар толори Маркази омодагии дастаҳои мунтахаби шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар 5 вазн варзишгарони дастаи дуюми пойтахт, дар 2 вазн намояндагони вилояти Суғд, дар яквазнӣ варзишгарони Хатлон-2 ва ВМКБ ғолиб омаданд.

Тибқи иттилои Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур 165 нафар варзишгарон дар ҳайати 7 даста – дудастаӣ аз Душанбеву Хатлон, дастаҳои Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок карданд. Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байнулмилалии самбо аз рӯйи 9 категорияи вазнӣ ҷараён гирифтанд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон-2020

Вазни -52кг

1. Сомон Сангов (Душанбе-2)

2. Талабшо Мунавваров (Душанбе-2)

3. Ҳукуматалӣ Сафарбеков (Душанбе-2)

3. Эҳсомиддин Исматов (Душанбе-2)

Вазни -57кг

1. Акмалиддин Каримов (Душанбе-2)

2. Ҷомии Ҳасан (Душанбе-2)

3. Мақсуд Куканшоев (ВМКБ)

3. Аминҷон Холов (Хатлон-2)

Вазни -62кг

1. Сорбон Латифов (Хатлон-2)

2. Меҳрзод Суфиев (Суғд)

3. Худойбахш Сулаймонов (ВМКБ)

3. Боқӣ Валимуҳаммад (Суғд)

Вазни -68кг

1. Муҳаммадисо Раҷабов (Душанбе-2)

2. Сорбон Сулаймонов (Душанбе-1)

3. Фирӯз Муъминов (Душанбе-2)

3. Зафар Алиев (Душанбе-2)

Вазни -74кг

1. Деваштич Убайдӣ (Душанбе-2)

2. Сайриддин Шоев (ШНТМ)

3. Садам Каримов (Суғд)

3. Мирзоҷамил Рамазонов (Душанбе-2)

Вазни -82кг

1. Ҳамроз Раҷабов (Суғд)

2. Хисрав Аламов (ШНТМ)

3. Суруш Каримов (Суғд)

3. Ҳақназар Назаров (ШНТМ)

Вазни -90кг

1. Комроншоҳ Устопириён (Суғд)

2. Зафар Олимшоев (Душанбе-2)

3. Далер Бурунов (ВМКБ)

3. Комрон Карликов (Хатлон-1)

Вазни -100кг

1. Мақсад Бердиев (ВМКБ)

2. Довуд Фатҳуллозода (Душанбе-2)

3. Азимҷон Бегиҷонов (Душанбе-2)

3. Ҷамшед Наимов (Хатлон-1)

Вазни +100кг

1. Хуршед Маҷидов (Душанбе-2)

2. Одилҷон Сафаров (Душанбе-2)

3. Фарёд Шайхов (ВМКБ)

3. Диловари Сабриддин (Душанбе-2)