Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки баргузории бозиҳои Чемпионат бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус то 10-уми май мавқуф гузошта шуд.

“Федератсияи футболи ҷумҳурӣ қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирусро дар бораи муваққатан манъ шудани баргузории чорабиниҳои оммавию варзишӣ ба хотири ҳифзи солимии аҳолӣ комилан дастгирӣ мекунад”, - омадааст дар хабари Федератсия.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 қарор қабул шуд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, хусусан, кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда мешавад. Ҳамзамон дар тамоми қаламрави кишвар муваққатан ташкил ва гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр манъ карда шуд.


Қобили зикр аст, ки бар асари сирояти коронавирус қариб дар тамоми давлатҳои дунё баргузории бозии футбол манъ шуд. Аз ин рӯ, ахиран ба мусобиқаҳои футболи Тоҷикистон дар бисёр кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Акнун дар Чемпионати Тоҷикистон низ танаффуси дуҳафтаина эълон шуд.

Рӯзҳои 25 ва 26 апрел бозиҳои даври чоруми Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии мамлакат баргузор шуданд.


Натиҷаҳои он чунинанд: “Истиқлол” - “Кӯктош” - 6:1; “Локомотив-Помир” - “Хатлон” - 2:3; “Хуҷанд” - “Регар-ТадАЗ” - 2:1; “Душанбе-83” - КМВА” (ССКА) - 2:1 ва “Файзканд” - “Истаравшан” - 2:1.

Ба ин тариқ, пас аз 4 давр дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” бо касби 10-имтиёзӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд. Тими “Файзканд”-и Восеъ бо 8 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвал аст.


Ҷадвали мусобиқа пас аз 4 давр

 

 Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

Х

1

«Истиқлол» (Душанбе)

4

3

1

0

17-3

10

2

«Хатлон» (Бохтар)

4

3

1

0

10-7

10

3

«Файзканд» (Восеъ)

4

2

2

0

7-5

8

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

2

1

1

8-6

7

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

4

1

2

1

5-7

5

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзод)

4

1

1

2

7-6

4

7

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

4

1

1

2

6-8

4

8

«Душанбе-83» (Душанбе)

4

1

1

2

2-9

4

9

КМВА (Душанбе)

4

1

0

3

5-8

3

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

4

0

0

4

3-11

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 тӯб, Худойдод Узоқов («Хатлон») – 4 тӯб, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳар ду – «Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.