Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон дар бораи баргузории бозии дӯстона байни мунтахабҳои ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Тавре ФФТ хабар медиҳад, бозии дастаҳои мунтахаб рӯзи 4 сентябр дар варзишгоҳи “Миллий” дар шаҳри Тошканд доир мегардад.

Вохӯрии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон қаблан рӯзи 31 март дар Тошканд таъин шуда, лекин бо сабаби пандемияи коронавирус бекор шуд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи тимҳои мунтахаб байни ҳам 8 вохӯрӣ гузаронидаанд.

Дар ин бозиҳо Тоҷикистон 1 маротиба  ва Ӯзбекистон 4 маротиба ғалаба карда, 3 вохӯрӣ мусовӣ анҷом пазируфт.

Бори охир вохӯрии дастаҳо 9 сол пеш - 15 ноябри соли 2011 дар марҳилаи сеюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2014 дар Тошканд баргузор шуда, дар ин бозӣ тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:0 дастболо шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.