Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои даври интихобии Чемпионати ҷаҳон дар гурӯҳи «F» мунтахаби футболи Тоҷикистон ду вохӯрии дӯстона мегузаронад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 3 сентябр футболбозони тоҷик дар варзишгоҳи “Миллий” дар Тошканд бо дастаи Ӯзбекистон ва рӯзи 6 сентябр дар Дубай бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар даври дуюми интихобии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» мунтахаби Тоҷикистон се бозии дигар мегузаронад.

Рӯзи 8 октябр мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе дастаи Муғулистонро қабул карда, рӯзи 12 ноябр дар меҳмонӣ бо тими Ҷопон бозӣ мекунад. Бозии охирини футболбозони тоҷик дар ин даври мусобиқа рӯзи 17 ноябр дар Душанбе бо дастаи Мянма баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.