Ду бозии охири даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби калони 11:0 дастаи “Моҳир”-и Ёвонро мағлуб карда, дар бозии дигар “Равшан”-и Зафаробод” дар майдони худ бо ҳисоби 1:4 аз дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд шикаст хӯрд.

Шаш бозии дигар даври 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон бо натиҷаҳои зайл анҷом ёфтанд: «Душанбе-83» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1; «Файзканд» – «Хатлон» – 1:2; «Хуҷанд» – «Кӯктош» – 0:3; «Истаравшан» – КМВА (ЦСКА) – 3:1; «Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» – 3:2 ва «Барқчӣ» – «Локомотив-Помир» – 1:2.

Ба ин тариқ, дар даври 1/4 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаҳо зерин бо ҳам бозӣ мекунанд:

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»;

«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»;

«Эсхата» – «Хатлон»;

«Истаравшан» – «Кӯктош».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.