Дастаҳои мунтахаби миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр бо тими миллӣ ва ҷавонони Ӯзбекистон бозии дӯстона баргузор карданд.

Дар бозии мунтахабҳои миллӣ, ки дар Тошканд доир гардид, шогирдони Усмон Тошев бозиро бо ҳисоби 2:1 бохтанд.

Ҳисоб қариб то охири бозӣ мусовӣ - 1:1 буд ва тӯби дуюмро футболбозони ӯзбек аз ҷаримаи 11-метра ба самар расониданд.

ФФТ

Дар бозии мунтахаби ҷавонон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, футболбозони ӯзбек бо ҳисоби 1:0 дастболо шуданд.

Акнун дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба ватан баргашта, мунтахаби ҷавонон ба машқу тамринҳои худ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд идома медиҳад.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 6 сентябр дар Хуҷанд байни мунтахабҳои футболи ҷавонони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз як вохӯрӣ баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳар ду вохӯрӣ дар шабакаҳои “Варзиш” ва “Футбол”-и Тоҷикистон намоиш дода шуд. Шабакаи “Спорт”-и Ӯзбекистон пахши мустақими бозии мунтахабҳои миллиро намоиш дод.

Шореҳони телевизиони Ӯзбекистон ба Эҳсони Панҷшанбе таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Ин футболбози тоҷик чанде қабл аз дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба ҳайати тими “Навбаҳор”-и Намангон гузашт, ки дар Суперлигаи футболи Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.