Ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) мақоми узви комилҳуқуқи рушди барномаи баргузида (элитӣ)-и наврасони Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ва ба Академияи футболи ФФТ мақоми баргузидаи “ду ситора” дода шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё бо мактуби расмӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин хусус огоҳинома фиристодааст.

Барои соҳиб шудан ба мақоми узви комилҳуқуқи барномаи баргузидаи ҷавонон, ба федератсияҳои миллӣ аз рӯйи 20 нишондиҳанда баҳо дода мешавад.

Тавре маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, Комиссияи КФО ба кори раҳбарият, тарҳрезӣ ва ташкили кор, таъмини ҳайати корӣ, интихоб, қисмати молиявӣ ва таҷҳизот, даста, тамрину бозиҳо, ҳунарнамоии бозигарон, вазъи солимии онҳо, таълим, натиҷаҳо ва ғайра баҳо медиҳад.

Гуфта мешавад, ташкилоти миллӣ ҳадди ақал бояд ба 11 нишониҳандаи аввал ҷавобгӯ бошад.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз танҳо Академияи «Aspire»-и Қатар ба мақоми “се ситора” ноил дониста шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.