Бозии дуюми рафиқона байни мунтахабҳои футболи наврасони Тоҷикистону Ӯзбекистон (U-16), ки рӯзи 24 сентябр дар Хуҷанд доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон - тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:2 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, тӯби ягонаро аз дастаи Тоҷикистон Хуршед Давлатзода ба самар расонид.

Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии аввали дӯстона се рӯз пеш футболбозони навраси тоҷик ҳамсолони ӯзбеки худро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда буданд.

Қаблан дар шаҳри Хуҷанд байни мунтахабҳои футболи ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистон (U-19) бозиҳои рафиқона (0:1, 4:1) доир гардида буданд. Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр аз мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.