Мусобиқаи 29-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар даври ниҳоӣ барандаи медалҳои бириниҷии чемпионат муайян шуд. Онро дастаи КМВА (ССКА)-и Душанбе ба даст овард, ки дар даври охир тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

Ҳамчунин дар даври охир дастаи дуюме, ки ҳамроҳи “Регар-ТадАЗ” имсол Лигаи олиро тарк мекунад, маълум гардид. Дастаи “Локомотив-Помир”-и Душанбе низ соли оянда дар Лигаи якум ҳунарнамоӣ мекунад.

Нишонзани беҳтарини мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон капитани дастаи “Истаравшан” Илҳом Баротов дониста шуд, ки дар мавсими имсола ба дарвозаи ҳарифон 18 тӯб ба самар расонид. Ҳамлагари “Истиқлол”-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов бо 16 гол дар зинаи дуюми нишонзанҳо қарор гирифт.

Ёдрас мекунем, ки имсол дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ба унвони чемпионӣ ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба дарёфти медалҳои нуқра ноил гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.