Бозии финалии Parimatch - Ҷоми Тоҷикистон-2020, ки дар он ду намояндаи вилояти Хатлон - “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хатлон”-и Бохтар бо ҳам рақобат мекунанд, рӯзи якшанбе, 18 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бозӣ соати 14:00 оғоз гардида, бе ҳузури тамошобинон доир мегарад.

То ба даври финалӣ расидан “Равшан” дастаҳои “Ҳулбук” (3:2), “Панҷшер” (3:2) ва “Истиқлол” (4:2)-ро шикаст дода, Хатлон дар вохӯриҳо бо “Файзканд” (2:1), “Эсхата” (1:0) ва “Истаравшан” (2:0) дастболо шуд.

Қаблан “Равшан” (соли 2003 даста “Олимп-Ансол” ном дошт) се маротиба ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфта, танҳо як маротиба - соли 1994 тими “Шодмон”-и Ҳисорро (2:1) шикаст дода, ба дарёфи Ҷом шарафёб гадид.

“Хатлон” (қаблан даста “Вахш” ном дошт) чор маротиба дар вохӯрии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон бозӣ карда, ду маротиба - солҳои 1997 ва 2003 ба дарёфти Ҷом ноил гардид.

Қобили зикр аст, ки 17 сол пеш - соли 2003 ин дастаҳо дар вохӯрии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон бо ҳам бозӣ карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.