Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рақибонашро дар бозиҳои дӯстона, ки моҳи ноябр баргузор мешаванд, муайян кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, рӯзи 7 ноябр футболбозони тоҷик бо тими Баҳрайн ва рӯзи 12 ноябр бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бозӣ мекунад. Ҳар ду бозиро шогирдони сармураббӣ Усмон Тошев дар меҳмонӣ - дар шаҳри Дубай мегузаронанд.

Гуфта мешавад, машқу тамринҳои омодагӣ ба ин бозиҳоро мунтахаби миллии кишвар охири моҳи октябр оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки бар асари пандемияи коронавирус бозиҳои чор даври охири марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли оянда гузаронида шуданд.

Дар ин марҳилаи мусобиқа соли оянда мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Ҷопон, Муғулистон ва Мянма бозӣ хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.