То анҷоми мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон дастаи футболи “Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд ба Лигаи олии футболи мамалакат роҳхат гирифт. Қаблан тими “Равшан”-и Кӯлоб низ ба ин натиҷа ноил гардида буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон рӯзи 14 октябр бозии мавқуфгузоштаи даври 16-ум доир гардида, дар он “Эсхата” дастаи “Равшан”-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Ба ин тариқ, ду давр пеш аз анҷоми мусобиқа дар Лигаи якум ду дастае муайян шуданд, ки ба Лигаи олии футболи мамлакат роҳхат гирифтанд. “Равшан”-и Кӯлоб ва “Эсхата”-и Хуҷанд соли оянда дар Лигаи олӣ бозӣ мекунанд.

Дар навбати худ, дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва “Локомотив-Помир”-и Душанбе Лигаи олиро тарк карда, дар мавсими соли оянда дар Лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.