Даври финалии мусобиқаи Чемпионати футзали Осиё, ки бояд аз 2 то 13 декабри соли равон дар Кувейт доир мегардид, ба соли дигар гузаронида шуд.

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) рӯзи 15 октябр федератсияҳои миллиии футболро, ки дастаҳои мунтахабашон ба ин мусобиқа роҳ ёфта буданд, дар ин бора огоҳ кардааст.

“Бо назардошти авҷи пандемияи Covid-19 дар Кувейт, инобати бехатариву солимии дастаҳои иштироккунанда ва ҷонибҳои манфиатдор, КФО пас аз баррасии масъала бо ҳамаи тарафҳои дахлдор тасмим гирифт, ки мусобиқаи Чемпионати футзали Осиё ба моҳҳои март-апрели соли 2021 гузаронида шавад”, - омадааст дар ҳуҷҷати расмии КФО.

Ёдрас мекунем, ки дар Чемпионати футзали Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Туркманистон, Ветнам ва Уммон рақобат мекунад.

Панҷ дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионати Осиё ба Чемпиоанти футзали ҷаҳон, ки соли оянда дар Литва баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.