Футболбозони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон ноил гардиданд.

Бино ба иттилои ФФТ, дастаи “Равшан” як давр пеш аз анҷоми мусобиқа байни дастаҳои Лигаи якум дар майдони худ дастаи “Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст дода, соҳиби медаҳои тилло ва ба Лигаи олии футболи мамлакат роҳхат гирифт.

Гуфта мешавад, айни замон “Равшан” бо касби 51 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дошта, зинаи дуюм ва медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи якумро футболбозони “Эсхата”-и Хуҷанд ба даст оварданд, ки як давр пеш аз анҷоми мусобиқа бо ҳисоби 3:0 тими “Шоҳмансур”-ро мағлуб карданд. Ин даста низ соҳиби роҳхат ба Лигаи олӣ шуд.

Дар даври охири мусобиқа, ки рӯзи 25 октябр доир мегардад, дастаҳои “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ) ва “Равшан” (Зафаробод) барои дарёфти медалҳои нуқраи мусобиқа рақобат хоҳанд кард. “Панҷшер” дар меҳмонӣ бо “Шоҳмансур” бозӣ карда, “Равшан”-и ноҳияи Зафаробод дар майдони худ тими “Исфара”-ро қабул мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.