Комроншоҳ Устопириён мақоми сеюми қаҳрамонии ҷаҳони самборо дар шаҳри Нови Сади кишвари Сербистон ба даст овард. Комроншоҳ, ки барои раҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ аз варзишгари рус Сергей Рябов шикаст хӯрд, дар сабқат барои мақоми сеюм варзишгари укроинӣ Ярослав Давидчукро шикаст дод.
Комроншоҳ дар даври аввал ҳарифаш аз кишвари Мағрибро бо ҳисоби 7.0 шикаст дод, вале дар даври дигар сабқатро бо варзишгари рус бо ҳисоби 2.1 бохт.
Дар сабқат барои ҷойи сеюм Комроншоҳ Ярослав Давидчуки укроиниро бо ҳисоби 6.0 шикаст дод ва барои бори сеюм медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳонро ба гардан овехт.
Имсол ба далели ҳамагирии коронавирус рафтани паҳлавонони тоҷик ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони самбо бисёр душвор шуд. Онҳо баъди иҷозаи ҷониби Узбакистонро гирифтани Тоҷикистон аз Тошканд ба Истамбул ва аз он ҷо ба Белград парвоз карданд.
Аммо ба далели дурии роҳ Комроншоҳ ба маросими вазнкашӣ дертар расид, ки як бор ӯро аз миёни паҳлавонони сабқат берун карданд. Вале дубора бо дахолати мақомҳои варзишӣ ӯро ба сабқат роҳ доданд.
Имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни бузургсолон Тоҷикистонро се варзигари маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов вазни 57, Хушқадам Хусравов вазни 62 ва Комроншоҳ Устопириён вазни 90 муаррифӣ мекунанд. Ду самбокори дигар тоҷик рӯзҳои 7-8-уми ноябр ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Федератсияи ҷаҳонии самбо хабар додааст, ки сарфи назар аз ҳамагирии коронавирус имсол 30 кишвар дар сабқати Қаҳрамонии ҷаҳон ширкат мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста