Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон чораҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, мактабҳои варзишӣ, клубҳо, варзишгарон ва мураббиёнро тақвият медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар асоси муқаррароти Кодекси ҷаҳонии зидди допинг, КМО ҶТ аз соли 2021, ҳамчунин вазифаҳои ташкилоти миллии зидди допингро иҷро мекунад.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин, бо сарпарастии Ҳамбастагии олимпӣ 1-20 ноябр дар Душанбе барои 120 нафар, аз ҷумла аъзои кумитаҳои иҷроияи федератсияҳои миллӣ, роҳбарон ва кормандони маъмурии федератсияҳои миллӣ, шахсони масъул ба қабули қарорҳо ва намояндагони варзишгарон силсила-семинарҳои серӯза баргузор кард.

Сурат: КМО ҶТ

Дар ҷараёни доир кардани семинарҳо аз ҷониби КМО ҶТ маълумоти муҳим доир ба ҷанбаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва омӯзишии мубориза бо допинг дар варзиш мувофиқи Кодекси ҷаҳонии зидди допинг-2021 ва меъёрҳои байналмилалии Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) пешниҳод шуд. Ҳамчунин механизми ҳамоҳангӣ оид ба пешгирии истифодаи допинг дар варзиш ва риояи талаботҳои Кодекс-2021 ва муқаррароти байналмилалии WADA коркард шуд, аз ҷумла:

- қабул кардани қоидаҳои зидди допинги федератсияҳои миллӣ;

- таҳия ва тақсим кардани барномаҳои омӯзишии мубориза бо допинг;

- ҷорӣ кардани қоидаҳои интизомии федератсияҳои миллӣ.

Яъне тибқи талаботи WADA дар баробари Кумитаи миллии олимпӣ федератсияҳои миллии варзишӣ низ бояд қоидаҳои зидди допинги дохилиро таҳия ва қабул кунанд. Ин амал боис мегардад, ки сатҳи огоҳии варзишгарон оид ба допинг ва оқибатҳои истифодаи он баланд гардад ва обрӯю эътибори кишвар дар арасаи байналмилалӣ ҳифз карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.