Нимҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон ва капитани 30-солаи дастаи “Истаравшан” Илҳомҷон Баротов футболбози беҳтарини соли 2020 дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, маросими супоридани ҷоизаҳои инфиродӣ аз рӯйи натиҷаҳои сол рӯзи 28 декабр дар барномаи телевизионӣ бидуни иштироки меҳмонон доир гардид.

Барои дарёфти ҷоизаи беҳтарин футболбози сол собиқ нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” Эҳсони Панҷшанбе, собиқ бозингари “Хуҷанд” Фатҳулло Фатҳуллоев, инчунин капитани дастаи “Истаравшан” Илҳомҷон Баротов довталаб буданд.

Сурат: fft.tj

Дар баробари футболбози беҳтарини сол дониста шудан, Илҳомҷон Баротов ҳамчунин нишонзани беҳтарин ва ҳамлагари беҳтарини мавсими футболи соли 2020 дар Тоҷикистон дониста шуд.

Ҷоизаҳои инфиродӣ ба футболбозони зерин тақддим шуданд: беҳтарин дарвозабон - Рустам Ятимов (”Истиқлол”); беҳтарин ҳимоягар - Фирдавс Чақалов (”Хуҷанд”); беҳтарин нимҳимоятгар - Алишер Ҷалилов (“Истиқлол”); беҳтарин сармураббӣ - Виталий Левченко (“Истиқлол”); беҳтарин довар - Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) ва беҳтарин легионер - украинӣ Алексей Ларин (“Истиқлол”).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.