Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи байнулмилалии 17-уми «Кубок Развития-2021», ки аз 30 январ то 7 феврал дар шаҳри Минск (Беларус) доир мегардад, иштирок мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, футболбозони навраси тоҷик таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар  Академияи футболи Федератсия дар шаҳраки Алмосии Ҳисор аллакай ба тамринҳои омодагӣ ба ин мусобиқа оғоз кардаанд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи соли пешини «Кубок Развития-2020» шогирдони Турдиев то ба бозии финалии мусобиқа расида буданд.

Тибқи нақшаи дастандаркорони мусобиқа, дар ин мусобиқаи «Кубок Развития-2021» иштироки 8 дастаи мунтахаби наврасони таваллудашон на болотар аз соли 2004 дар назар аст. Бозиҳои мусобиқа мувофиқи анъанаи роиҷ дар манежи Минск баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) имсол дар Чемпионати Осиё байни наврасон, ки дар Баҳрайн доир мегардад, иштирок мекунад. Ҳарифони футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “В” тимҳои Уммон, Яман ва Амороти Муттаҳидаи Араб мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.