Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар як муддати кӯтоҳ дар мусобиқаҳои бокси касбӣ се қувваозмоӣ гузаронида, дар ҳарсеяш дастболо шуд.

Аз ҷумла, дар доираи мусобиқаи "Матч! Боец" дар Сочи Баҳодур Усмонов ҳарифи худ аз Русия Гусейн Магомедовро бо бартарии том мағлуб намуд. Онҳо дар вазни 64 кило ҳунарнамоӣ карда, ин қувваозмоии сеюми Усмонов дар мусобиқаҳои бокси касбӣ маҳсуб меёбад.

Охири моҳи декабр Баҳодур Усмонов дар қувваозмоии аввал дар муштзании касбӣ дар Маскав бар русиягӣ Вилдан Минасов ғолиб омада, дар қувваозмоии дуюм дар Сочи Амир Басировро шикаст дода буд.

Мувофиқи қоидаҳои мусобиқа, ки дар он дастаҳои муштзанони Мурод Гассиев ва Султон Иброҳимов иштирок карданд, ҳар кадоме аз дастаҳо дар як рӯз як бозӣ - панҷ қувваозмоии 4 раундӣ гузаронид.

Муштзани тоҷик дар дастаи Мурод Гассиев ҳунарнамоӣ карда, дар натиҷа бо ин даста ғолиб омад. Фонди ҷоизавии мусобиқа 10 млн рублро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.