Варзишкори тоҷик Муин Ғафуров дар мусобиқаи UAE Warriors  дар Дубай (АМА) бар ҳарифаш аз Коста-Рика Уолтер Замора дастболо шуд.

То ин қувваозмоӣ Муин дар 16 набард пирӯз шуда, 3 бохт дошт. Ҳарифаш мутаносибан 11 ғалаба ба даст оварда, 5 бор шикаст хӯрда буд.

Қувваозмоии Ғафуров ва Замора ҳудуди 20 дақиқа давом карда, дар ҷараёни он варзишкори тоқик маҳорати хуб нишон дод. Пас аз анҷоми мусобиқа ҳакамон пирӯзиро ба Муин Ғафуров лоиқ донистанд Ин пирӯзии 17-уми Муин аст.

Муин Ғафуров дар саҳифаи худ дар Instagram-аккаунт ба мухлисон барои дастгириашон изҳори миннатдорӣ кард.

Намояндагони UFC, ки Муин Ғафуров ва дигар варзишкорони Тоҷикистон ба он роҳ ёфтанианд, бодиққат ҷараёни қувваозмоиҳоро мушоҳида мекарданд.

Муин соли 2013 бори нахуст дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат варзида, дар самбои ҳарбӣ қаҳрамон шуд. Сипас дар қувваозмоиҳои ММА иштирок карда, дар зарфи панҷ сол 10 ғалаба ба даст овард. Дар ҷаҳони ММА ба ӯ тахаллуси “Тоҷик”-ро муносиб донистанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ташкилоти маъруфи варзишкорони UFC ба Муин таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барояш ҳариф меҷӯяд. Муин аввалин варзишкори тоҷик хоҳад буд, ки зери сарпарастии ин ташкилот қувваозмоӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.