Президенти UFC Дэйно Уайт аз эҳтимоли бозгашти қаҳрамони ҷаҳони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба саҳнаҳои размии ин навъи варзиш хабар дод. Ин хабари Дэйно Уайт барои ҳаводорони Ҳабиб Нурмуҳаммадов комилан ғайриинтизор буд, зеро варзишгар дар бораи хатми ҳунарнамоии худ хабар дода буд ва гуфта буд, дигар ба ин барнамегардад. Дар ин бора телевизиони "Матч"-и Русия хабар медиҳад.

Дэйно Уайт ва Ҳабиб Нурмуҳаммадов 15 январ дар ҷазираи размгоҳии шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб дидор кардаанд. Дар ин бора як видеои 15-соняие ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.

 

 

Президенти  UFC баъди як шабонарӯзи дидораш бо Ҳабиб гуфт, ки онҳо бо ҳам сари чӣ суҳбат кардаанд. Дэйно Уайт гуфтааст, ки ман фикр мекунам дар муҳорибаҳои ахир Ҳабиб қабл аз разм падарашро аз даст дод, пояш осеб дид ва чизҳои зиёде дигаре сабаб шуд, ки ӯ сари эҳсос тасмим бигирад. Уайт гуфтааст, ман фикр мекунам далеле барои хатми хеле зуди ҳунарнамоии ӯ набуд.

"Ман бо ӯ суҳбат кардам ва гуфтам, ки саросема набошад. Ҳоло Ҳабиб бар ин андеша аст, ки ба ҳар чизе, ки дар вазни сабук зарур буд, даст ёфт. Аммо дар якшанбеи наздик Коноро Макрегор ва Дастин Поре вориди мубориза мешаванд, онҷо Майкл Чэндлер алайҳи Дэно Ҳукер бармехезад. Барои Ҳабиб ҳунарнамоии Чарлз Оливер дар разм алайҳи  Фергюсон писанд омадааст". 

Ба гуфтаи раиси  UFC, Ҳабиб гуфтааст: "Ман ин бахшро ба таъхир намеандозам, бо ҳамин камарбанд ҳам наменишинам, вале бигузор онҳо чизи фавқулода нишон бидиҳанд, ки маро маҷбур кунад баргардам".  Агар касе аз ин размкорон ҳунари ғайриинтизоре нишон диҳад, ӯ бармегардад,- гуфтааст Дэйно Уайт.

Уайт ҳамчунин аз маҳрум кардани Ҳабиб аз камарбанди қаҳрамонӣ чизе нагуфт. сарфи назар аз ин ки худи варзишгар дар бораи хатми рақобатҳояш хабар дода буд. Нурмуҳаммадов сарфи назар аз ин ки рақобатҳои чор ҷуфти вазни сабук бо чӣ натиҷае меанҷомад, қаҳрамони UFC боқӣ мемонад. То замоне, ки гуфушунидҳо бо ӯ давом мекунанд, ӯ қаҳрамон боқӣ  мемонад. 

Ҳабиб ҳоло се камарбанд дорад ва агар якеи дигар ба даст биоварад, дар таърихи UFC беҳтарин варзишгари вазни сабук хоҳад буд, ки тавонистааст 4 бор камарбанди худро ҳифз кунад. 

Дар ҳоли ҳозир Ҳабиб дар радабандии (ҳамаи вазнҳо)-и размикорони UFC  дар мақоми аввал қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.