Тими футболи “Истиқлол”-и Душанбе аввалин дастаи Тоҷикистон мешавад, ки ҳам дар футболи бузург ва ҳам футболи хурд намояндаи худро хоҳад дошт.

Раҳбарияти даста тасмим гирифтааст, ки ба футзал (футболи хурд), ки дар Тоҷикистон торафт писандида мешавад, низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.

“Истиқлол” қарор кардааст, ки дар заминаи тим дастаи футзал таъсис бидиҳад, ки дар мусобиқаи чемпионати ҷумҳурӣ аз мавсими нав бозӣ мекунад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти “Истиқлол”, расмиёти таъсиси дастаи нав дар арафаи анҷомёбӣ буда, бозингарон интихоб мешаванд ва ба наздикӣ ҳайати ситоди мураббиён эълон мешавад.

Тамрину машшқ ва бозиҳои хонагии даста дар маҷмааи варзиши Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.