Қаҳрамони Тоҷикистон - дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки имсол дар даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО бозӣ мекунад, собиқ нимҳимоятгари худро ба даста даъват кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин даста.

Гуфта мешавад, “Истиқлол” ва тими “Борнео”-и Индонезия доир ба гузаштани нимҳимоятгар Нуриддин Давронов ба ҳайтаи дастаи “Истиқлол” ба мувофиқа расидаанд. Собиқ капитани даста дар “Истиқлол” мисли пешин зери рақами 8 то оғози равзанаи тобистонаи трансферҳо бозӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки Давронов моҳи феврали соли гузашта ба сифати агенти озод ба тими “Борнео” гузашт. То имзои қарордод бо “Борнео” Нуриддин Давронов дар мусобиқаи Чемпионати Индонезия таҷрибаи бозӣ дошта, соли 2018 дар дастаи “Мадуро Юнайтед” ҳунарнамоӣ мекард.

Ҳамчунин дар давраҳои гуногун нимҳимоятгари 30-солаи тоҷик дар ҳайати дастаҳои “Истиқлол”, “Барқчӣ”, “Слобода”-и Сербия ва “Уммон” бозӣ кардааст. Дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар 49 вохӯрӣ иштирок карда, 8 тӯб ба ҳадаф расонидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.