Дар вохӯрии финалии мусобиқаи 10-уми ҷашнии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021, ки рӯзи 20 феврал доир мегардад, дастаҳои “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи 17 феврал бозиҳои нимфиналии мусобиқа доир гардида, “Хатлон” бо ҳисоби 2:1 дастаи “Равшан”-и Кӯлобро мағлуб кард.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари нимфиналӣ байни “Истиқлол” ва тими “Регар-ТадАЗ” футболбозони шаҳри Турсунзода дар аввали бозӣ ба дарвозаи душанбегиҳо ду тӯб зада (2:0), лекин ин ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд ва дар ниҳояти кор “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ба ин тариқ, дар бозии финалии Ҷоми ФТТ-2021 рӯзи шанбе, 20 феврал дастаҳои “Хатлон” ва “Истиқлол” бо ҳам рақобат мекунанд. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 15:00.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ барои ишғоли ҷойи сеюм, ки он ҳам рӯзи 20 феврал дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад, тимҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” бозӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 11:00.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.