Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии камонварӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ду медали нуқра ба даст овардаанд.
Бино ба иттилои Кмитаи милли олимпӣ, варзишгарони тоҷик дар сабқати даставӣ ҳам миёни мардон ва ҳам миёни бонувон медали нуқра ба даст оварда, дар ҳар ду қувваозмоӣ варзишгарони Узбекистон ғолиб шуданд. Ҷойи сеюм бошад насиби дастаи Қирғизистон шудааст.
Гуфта мешавад, ки ба ҳайати тими бонувони тоҷик Мавзуна Азимова, Фирӯза Зубайдова ва Фирӯза Давлатова шомил буда, дастаи мардон аз Анушервон Раҳимӣ, Умед Раҳмонов ва Абдуғаффор Рустамов иборат буданд.
Мусобиқаи мазкур рӯзҳои 22-27 феврал сурат гирифтаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон соли гузашта давоми се моҳ Барномаи рушди сохтори Федератсияи камонварии Тоҷикистонро роҳандозӣ кард, ки дар ҷараёни он курсҳои омӯзишӣ барои доварон, мураббиён ва масъулини федератсия доир гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста