Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Тоҷикистонро макони баргузории марҳилаи гурӯҳии мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F” тасдиқ намуд. Дар ин гурӯҳ дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд иштирок мекунад.

Тавре ФФТ хабар медиҳад, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021, дар гурӯҳи “F”, дар Минтақаи марказӣ рақибони дастаи “Хуҷанд” дастаҳои футболи АГМК ва ё “Насаф” (Ӯзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва “Олой” (Қирғизистон) мебошанд.

Гуфта мешавад, марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар шакли мутамарказ аз 14 то 20 май баргузор мешавад.

Марҳилаи гурӯҳии матамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “Е” бо иштироки барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб бошад, аз 14 то 20 май дар Бишкеки Қирғизистон мегузарад. Рақибони “Равшан” дар гурӯҳ қаҳрамони Қирғизистон – дастаи футболи “Дордой” ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон – дастаи футболи “Аҳал” мебошанд.

Ғолибони гурӯҳҳои Осиёи марказии Ҷоми КФО-2021 дар бозиҳои ниҳоии минтақавӣ, ки аз рафту баргашт иборат ҳастанд, вомехӯранд. Ин бозиҳо рӯзҳои 11 ва 25 август баргузор хоҳанд шуд.

Зикр мешавад, ки дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 роҳ ёфтани АГМК, дар Ҷоми КФО-2021 Ӯзбекистонро дастаи “Насаф” намояндагӣ мекунад. Дар сурати роҳ наёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дастаи АГМК дар Ҷоми КФО-2021 баромад мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.