Дар сабқати бонуфузи ҷудои Antalya Grand Slam 2021, ки рӯзҳои 1-3 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Анталяи кишвари Туркия доир мегардад, аз Тоҷикистон се ҷудокрори шинохта ширкат мекунад.
Ба гуфтаи Федератсияи ҷудои кишвар, Тоҷикистонро дар ин сабқат Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.
Бино ба иттилои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо дар ин мусобиқот ширкати 501 варзишгар аз 96 давлати дунё дар назар аст. Рақобатҳо ҳам миёни занон ва ҳам миёни мардон ба таври зер сурат хоҳанд гирифт.
Рӯзи якум (1-уми апрел):
Занон: -48, -52, -57kg; Мардон: -60, -66kg
Рӯзи дуюм (2-юми апрел):
Занон: -63, -70kg; Мардон: -73, -81kg
Рӯзи сеюм (3-юми апрел):
Занон: -78, +78kg; Мардон: -90, -100, +100kg
Аз Тоҷикистон ягона ҷудокори Комроншоҳ Устопириён замоне, ки ин сабқат Grand Prix Antalya буд ҳар се медали ҷойҳои ифтихориро ба даст овардааст: соли 2017 нуқра, соли 2018 тилло ва соли 2019 медали биринҷиро.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста