Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё бо тими 18-нафарӣ иштирок мекунад. Дар ин бора Нурулло Лоиқов, президенти федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Ба гуфтаи Нурулло Лоиқов ба ин тим 11 варзишгар ва боқӣ мураббиёну дастандаркорони дигар шомил хоҳанд буд.
Қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзҳои 6-9 апрел баргузор мешавад.
Аз Тоҷикистон дар сабқати мардон Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Сомон Маҳмадбеков (-73), Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров (-81) Комроншоҳ Устопирён ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Темур Раҳимов ва хуршед Маҷидов ҳарду дар вазни +100 ширкат мекунанд.
Дастаи бонувони Тоҷикистон иборат аз Аҳлия Муминова, Фазилат Гулбоева дар вазни (-52 кг) ва Шукрона Қарчиева, дар вазни (-48 кг) аст.
Қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар Бишкек бо ширкати 500 варзишгар аз 30 давлати дунё сурат мегирад.
Аз Тоҷикистон танҳо Комроншоҳ Устопириён ҷудокори шинохтаи тоҷик, дар таърихи ҷудои кишвар тавонистааст, ки ду бор қаҳрамони Осиё шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста