Шукронаи Қарчиева, бонуи ҷудокори тоҷик, дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон - Asia-Oceania Senior Championships дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, ки имрӯз оғоз шуданд, барои ба даст овардани медали биринҷӣ мубориза мебарад.
Шукрона Карчиева, ки дар рақобатҳо дар вазни -48 кг аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, дар даври аввал бонуи ҷудокори чинӣ Ка Ки Вонгро шикаст доду дар даври дувум аз ҷудочии кишвари Тайбэйи Чин Лин Чен – Ҳао шикаст хӯрд.
Аммо Шукрона дар даври шонси муҷадда варзишгарбонуи мизобон, Айсулу Мусоқуловаро мағлуб кард ва барои рақобатҳои ба даст овардани медали биринҷӣ роҳ пайдо кард.
Шукрона Карчиева барои медали биринҷо бо Гулнур Муратбаева вориди рақобат мешавад.
Ду варзишгарбонуи дигари тоҷик Аҳлия Мӯъминова ва Фазилат Гулбоева ҳарду дар вазни -52 кг дар даври аввали рақобатҳо, мутаноисбан аз ҳарифони худ Гулбодом Бобомуродоваи туркман ва Тинка Истони австралиягӣ шикаст хӯрданд.
Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар рақобатҳо миёни мардон Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Сомон Маҳмадбеков (-73), Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров (-81) Комроншоҳ Устопирён ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Темур Раҳимов ва Хуршед Маҷидов ҳарду дар вазни +100 намояндагӣ мекунанд.
Қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзҳои 6-9 апрел баргузор мешавад.
Рақобатҳо миёни мардон дар вазнҳои -60 ва -66 ҳам имрӯз оғоз шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста