Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии плей-офф миёни дастаҳои “Ал-Ғарафа” (Қатар) - АГМК (Ӯзбекистон) дастаи чоруми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021 дар зергурӯҳи “А” маълум шуд.

Ба дастаҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шубоб Ал-Аҳлӣ” (АМА) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон) тими АГМК (Ӯзбекистон) илова шуд, ки дар бозии дар боло зикршуда футболбозони арабро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ёдрас мекунем, ки марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарб ба шакли мутамарказ аз 14 то 30 апрел баргузор хоҳад шуд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо КФО-2021 дар гурӯҳи “А” бо иштироки тими қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол” дар шаҳри Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 қаҳрамони Тоҷикистон шаш бозӣ баргузор хоҳад кард. Дар бозии нахустини худ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи пурнуфузарини бошгоҳии осиёӣ “Истиқлол” рӯзи 15-уми апрел бо дастаи футболи «Шубоб Ал-Аҳли Дубай»-и Амороти Муттаҳидаи Араб вомехӯрад.

Тибқи Тартиби баргузории ин мусобиқа, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ ҳамаи ғолибони панҷ гурӯҳ ва боз се дастаи нишондодашон беҳтарин аз ҳамаи гурӯҳҳо роҳ меёбад.

Дар ҳайати тими “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи пурнуфузтарини Осиё дар минтақаи Шарқ 24 бозингар, аз ҷумла 4 легионер аз Украина, Ҷопон ва Голландия бозӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.