Дар меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода 12 апрел давраи омӯзишии «FIFA/MA Refereeing course» барои доварони тоҷик оғоз гардид, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) баргузор мешавад.

Машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ дар муддати панҷ рӯз аз ҷониби мураббиён Фарҳод Абдуллоев ва Юлия Тарасова аз Ӯзбекистон гузаронида мешаванд.

Дар ин давраҳои омӯзишӣ доварон аз Тоҷикистон Равшан Ишматов, Аҷмал Амиров ва Кристина Пронженко, инчунин 31 довари футбол иштирок мекунанд, хабар медиҳад маркази матбуоти ФФТ.

Дар маросими бозшавии давраҳои омӯзишӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ҳузур дошт.  Ӯ изҳори умед кард, ки ин давраҳо ба беҳбуди сатҳи донишу огаҳии иштирокчиён, инчунин такмили маҳорати касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.