Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 13 апрел маросими қуръапартоии тақвими бозиҳои мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, мусобиқа байни дастаҳои Лигаи якум дар ду давр баргузор шуда, дар он 12 даста - «Регар-ТадАЗ» (ш.Турсунзода), «Панҷшер» (ноҳ. Ҷалолиддини Балхӣ), «Саройкамар» (Панҷ), «Исфара» (Исфара), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Ҳулбук» (Восеъ), «Моҳир» (Ёвон), «Равшан» (Зафаробод), «Ҳосилот» (Фархор), «Динамо» (Душанбе) ва «Пахтакор» (ноҳ.Ҷаббор Расулов) иштирок мекунанд.

Мутобиқи рақамҳои тартибӣ, ки зимни маросими қуръакашӣ дастаҳо гирифтанд, тақвими бозиҳои мусобиқа муқаррар шуд.

Дар даври аввали мусобиқаи Лигаи якуми футбол рӯзҳои 24-25 апрел бозиҳои зерин баргузор мешаванд:

«Ҳосилот» (Фархор) – «Равшан» (Зафаробод)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

«Пахтакор» (ноҳ. Ҷаббор Расулов) – «Панҷшер (ноҳ. Ҷалолиддини Балхӣ)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Исфара» (Исфара) – «Динамо» (Душанбе)

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Моҳир» (Ёвон).

Мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон дар мавсими соли 2021 рӯзи 24 апрел оғоз мегардад. Мувофиқи регламенти мусобиқа, аз рӯйи натиҷаҳои мавсим ду дастаи беҳтарин ба Лигаи олӣ дар мавсими соли оянда роҳхат мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.