Мутахассиси тоҷик Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе таъин шуд, ки қаблан ҳам дар ин тим ба ҳайси сармураббӣ кор карда буд.

Мубин Эргашеви 48-сола иҷозатнома (литсензия)-и мураббигии категорияи «Pro» дошта, дар давраи марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО ба ҷойи Виталий Левченко вазифаи сармураббии тими “Истиқлол”-ро иҷро хоҳад кард.

Мувофиқи қоидаҳои Конфедератсияи футболи Осиё, мутахассисе, ки иҷозатномаи мураббигии категорияи «Pro» надорад, наметавонад сармурабии дастае бошад, ки дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО иштирок мекунад.

Мутахассиси украинӣ Виталий Левченко моҳи феврали соли гузашта сармураббии тими “Истиқлол” таъин шуда, чунин иҷозатнома надорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” масъули дафтари матбуоти даста Рустам Ҳакимов.

“Ивази муваққатии сармураббӣ дар дастаи мо маҳз бо ҳамин сабаб сурат гирифт”, - иброз дошт ӯ.

“Истиқлол” бори нахуст дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои КФО иштирок карда, бозии аввалашро бо дастаи “Шубоб Ал-Аҳлӣ” (АМА) баргузор мекунад. Ин бозӣ рӯзи 15 апрел дар варзишгоҳи байнулмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.