Дар Душанбе рӯзҳои 22-23 май бо оғози мусобиқаҳо оид ба варзиши сабук Бозиҳои навбатии миллии варзишии Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Мувофиқи регламент, ин мусобиқаҳо дар 4 сол 1 маротиба гузаронида мешаванд: бозиҳои пешин солҳои 2010, 2014 ва 2018 доир гардида, лекин имсол тасмим гирифта шуд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ он як сол пештар гузаронида шавад.
Дар барномаи мусобиқаҳо дар маҷмӯъ 15 навъи варзиш зикр шудааст. Соли 2018 варзишгарон дар 10 навъ рақобат карда буданд.
Имсол ба барномаи мусобиқа навъҳои нав, аз ҷумла карате, шиноварӣ, гандбол (тӯббозии дастӣ), қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, камонварӣ дохил шуданд.
Қисмати зиёди мусобиқаҳо дар Душанбе доир гардида, шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд ва Кӯлоб як навъи варзиши ин мусобиқаро қабул мекунанд.
Тақвими мусобиқа:
22-23 май. Варзиши сабук. Душанбе.
1-2 июн. Гӯштингирӣ. Душанбе.
3-4 июн. Гӯштини тарзи классикӣ. Душанбе.
3-4 июн. Карате. Душанбе.
5-6 июн. Шиноварӣ. Душанбе.
7-8 июн. Гӯштини тарзи озод. Душанбе.
9-10 июн. Дзюдо. Душанбе.
9-10 июня. Таэквондо. Душанбе.
10-14 июн. Волейбол (занон). Хоруғ.
11-12 июн. Самбо. Душанбе.
12-13 июн. Вазнбардорӣ. Кӯлоб.
13-17 июн. Гандбол. Душанбе.
18-22 июн. Баскетбол (мардон). Душанбе.
23-27 июн. Волейбол (мардон). Душанбе.
24-25 июн. Қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ. Душанбе.
25-29 июн. Бокс. Душанбе.
28-29 июн. Камонварӣ. Хуҷанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста