Имсол ҷаҳон шоҳиди яке аз таърихитарин рухдоди варзишии сайёра, Бозиҳои Олимпии Токиё – 2020 хоҳад шуд, ки ба далели ҳамагирии вируси одамкуши COVID 19 як сол пас, тобистони имсол баргузор мешавад. Ин бозиҳо ба ин далел таърихиянд, ки дар шароите, ки дунё ранҷи паймадҳои иқтисодиву иҷтимоии коронавирусро мекашад, баргузор мешаванд ва навиди фараҳбахше дар сатҳи ҷаҳон хоҳанд буд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди фурупошии Шуравӣ дар панҷ Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ зери парчами давлатии худ иштирок кардаанд .

Соли 1991 ИҶШС аз ҳам пошид.  Як сол баъди он (1992) дар шаҳри Барселонаи Испониё Бозиҳои Олимпӣ баргузор шуданд ва аз миёни 15 ҷумҳурии Шӯравии пешин 12 кишвар зери як парчами Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин бозиҳо ширкат карданд.

Он ҷо намояндаи Тоҷикистон Андрей Абдувалиев дар гурзпартоӣ соҳиби медали тилло шуд. Ба ифтихораш парчами миллӣ барафрошта ва суруди миллӣ навохта шуд, вале мутаасифона ин медал дар таърих ба номи Тоҷикистон сабт нашуд. Шояд ҳоло вақташ омадааст, ки масуълини варзишии мо толош кунанд, то Кумитаи Олимпии ҷаҳониро қонеъ кунанд, ки ин медалро ба номи давлати мо сабт кунад. Шояд муввафақ шаванд. Ин медал воқеан ҳаққи мост.
Андрей Абдувалиев

Дар Бозиҳои Олимпии Атлантаи Амрико (1996), нахустин бор 8 нафар варзишкори тоҷик дар панҷ  риштаи варзиш ва 33 нафар варзишкори қирғиз дар нуҳ риштаи варзиш аз номи кишварҳои  рӯ ба рушди худ ширкатд карданд, вале намояндагони ҳеч яке аз ин ду кишвар соҳиби медал нашуданд.

Дар Бозиҳои Олимпии Сиднеи Австралия дар соли 2000 тоҷикон фақат чаҳор варзишкор доштанд, танҳо дар риштаи варзиш ҳунарнамоӣ карданд. Аз Қирғизистон дар ин бозиҳо 48 нафар ва дар  нуҳ бахши варзиш ҳузур пайдо карданд. Тоҷикон соҳиби ягон медал нашуданд . Ҷудокори машҳури қазоқ Аийдн Самагуло, ки он замон шаҳрвандии Қирғизистонро қабул карда буд, соҳиби медали биринҷӣ гардид, Ин аввалин медали Бозиҳои Олимпии Қирғизистон буд.

Нуҳ нафар варзишкори тоҷик ва ва 29 варзишкори қирғиз ҳеҷ кадоме дар Бозиҳои Олимпии Афина 2004 муввафақ ба гирифтани медал нашуданд .

Бозиҳои Олимпии 2008 Пекин барои ҳарду кишвар бобарор буд.Тоҷикҳо бо 13 варзишкор соҳиби як медали биринҷӣ ва як нуқра ва қирғизҳо бо 21 варзишкор соҳиби ду нуқра ва нишони биринҷии ин руйдоди бузурги варзишии сайёра шуданд .

Юсуф Абдусаломов, намояндаи дигари Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои олимпии соли 2008 Пекин медали нуқра гирифт.

Дар соли 2012 бештарин саҳимияи олимпиро варзишкорони мо барои Бозиҳои Олимпӣ Лондон гирифтанд. 16 варзишгари тоҷик, дар ҳафт риштаи варзиш соҳиби роҳхати олимпӣ шуд. Дар Лондон Мавзуна Чориева, бонуи муштзани тоҷик соҳиби медали биринҷӣ гардид, Қирғизҳо ба ин бозиҳо танҳо нуҳ нафар варзишкор фиристода буданд, ки ҳеҷ кадомашон соҳиби медал нашуд.

Дар Бозиҳои Олимпии Риои Брозил дар соли 2016, мо ҳамагӣ ҳафт саҳмияи олимпӣ доштем. Онҷо Дилшод Назаров тавонист, ки барои Тоҷикистон таърихсозӣ кунад ва унвони нахустин Қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ аз Тоҷикистонро ба номи хеш рақам занад.

Қирғизҳо дар ин мусобиқа 19 нафар буданд. Як вазнбардори қирғиз медали биринҷӣ гирифт,вале ҳамагӣ баъди як рӯз ба сабаби истеъмоли допинг ва доруҳои мамнуъ медалашро аз ӯ бозпас гирифтанд .

Дида мешавад, ки  дар Бозиҳои тобистонаи Олимпӣ, дар маҷмуъ 169 варзишкори қирғиз ва 57 варзишкори тоҷик ширкат кардаанд. Алорағми ҳузури теъдоди бисёр калони қирғизҳо онҳо ҳамагӣ  чаҳор медал: ду нуқра дар куштии юнони румӣ, як биринҷӣ дар гуштини озод ва яке дар ҷудо ба даст овардаанд.

Мо тоҷикон, ки як давраи бисёр душвору хонумосӯзи  ҷанги шаҳрвандиро дар замони истиқлол пушти сар кардем ва бо ҳама имконоти маҳдуд, як тилло дар гурзпартоӣ, як нуқра дар куштии озод ва як нишони биринҷӣ дар бокс ва як биринҷии дигаре дар ҷудо дорем.

Барои Бозиҳои Олимпии Токиё қирғизҳо барномарезии дурустар кардаанд. Онҳо то имрӯз 9 саҳмияи олимпӣ доранд, ки аксари саҳмияҳо дар куштии юнони румӣ ва озод мебошанд. Имкониати ба даст овардани медал барои онҳо дар ин ду риштаи варзиш хеле зиёд ҳаст.

Мо, то имрӯз, расман танҳо ду саҳмияи олимпии Токиёро дар даст дорем ва дар ҷудо, мутмаинан сетои дигар низ хоҳем гирифт .

Ман, бидуни муболиға ва бовармандона мегӯям, ки истеъдоди тоҷикон дар варзиш хеле беҳтар аз дигарон аст. Фақат барномаи дуруст ва пухтаи омода кардани варзишкоронамонро барои ин рухдодҳои бузурги варзишии дунёро надорем. Агар медоштем, Тоҷикистон тилоитару нуқраитару бириҷтар аз имрӯз мебуд.

Бознашр аз гуруҳи "Tajik sport"