Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон - 2022 бозиро бо мунтахаби Ҷопон 1:4 бохт. 

Ин бозӣ имрӯз дар шаҳри Осакои Ҷопон баргузор шуд.

Ягона голи Тоҷикистонро имрӯз Эҳсони Панҷшанбе  ба дарвозаи Ҷопон зад, ки ин ягона голи Тоҷикистон ба дарвозаи Ҷопон дар ҳамаи бозиҳои интихобӣ аст. 

Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки сарфи назар аз бохт, мунтахаби Тоҷикистон шонс дорад, ки аз гуруҳаш ба даври дигар бозиҳо барояд. Тоҷикистон дар даври ниҳоӣ бо мунтахаби Миянма дар Осакои Ҷопон бозӣ мекунад.

Шонси Тоҷикистон бар пайи бохти Қирғизистон аз мунтахаби Муғулистон пайдо шуд бозиро бо ҳисоби 0:1 бохт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.