Комроншоҳ Устопириён паҳлавони маъруфи риштаи ҷудои Тоҷикистон роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард. Дар ин бораи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо такя ба феҳристи нави олимпии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо хабар додааст.
Акнун Комроншоҳ чаҳорумин варзишгари тоҷик аст, ки роҳхати ин бозиҳоро ба даст оварданд. Аз ин пеш Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби роҳхат шуда буданд.
Аз миёни паҳлавонони риштаи ҷудои тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ шонси хеле зиёде барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ дар вазни -73 кг дорад. Ӯ ҳоло дар мақоми 15-уми имётиздорони олимпии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо қарор дорад.
Бар асоси феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, Комроншоҳ дар байни 398 ҷудокори ҷаҳон, ки дар вазни -90кг ҳунарнамоӣ мекунанд, дар мақоми 21-ум бо 2784 имтиёз қарор дорад. Ӯ бо натиҷаи мазкур дар феҳристи ҷудокороне, ки ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 сафарбар мешаванд, ҷой гирифтааст, менависад сайти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз миёни ҷудокорони дигари Тоҷикистон Темур Раҳимов (+100кг) ҷудокори сангинивазни кишвар низ шонси зиёде барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ дорад. Ҳоло Темур бо 3009 имтиёз дар мақоми 21-уми имтиёздорони олимпии IJF қарор дорад.
Ба натиҷаи мақоми Темур Раҳимов метавонад ҳунарнамоии ӯ фардо дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешти Маҷористон низ таъсир бигузорад.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз Акмал Муродов, ҷудокори дигари тоҷик ҳам ном бурдааст, ки шонс дорад роҳхатро ба даст биоварад. Ҳарчанд ҳоло Акмал Муродов дар вазни -81 кг дар радабандии имётиздорони олимпӣ дар мақоми 50-ум қарор дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста