Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба пирӯзии аввалин дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои араб-2021 дар Миср ноил гардид.

Дар даври дуюм дар гурӯҳи “В” футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳисоби 3:2 ҳамсолони худро аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) шикаст додан. Ҳамаи се голро аз тими Тоҷикитсон Муҳаммадалӣ Азизбоев ба ҳадаф расонид, хабар дода мешавад дар сомонаи Федереатсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари гурӯҳи “В” тими Мағриб (Марокко) дастаи Ҷибутиро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб кард.


Аз рӯйи натиҷаҳои ду давр Мағриб бо касби 6 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “В” қарор дорад. Тоҷикистону АМА 3-имтиёзӣ доранд.

Акнун дар даври охири марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ҷибути бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи шанбе, 26 июн доир гардида, соати 22:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои араб-2021, ки дар Миср гузашта истодааст, ҳамагӣ 16 тими мунтахабҳои ҷавонони то 19-сола иштирок доранд. Дастаҳо 4-тогӣ ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, аз ҳар гурӯҳ 2 дастаи аввал ба марҳилаи минбаъда (плей офф) роҳхат мегиранд.

Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон (U-19), яке аз тимҳои гуруҳи “А” - Миср, Нигер, Мавритания ё Алҷазоир ҳарифи дастаи мо мешавад.

Бозии финалии мусобиқаи Ҷоми миллатҳои араб-2021 рӯзи 6 июл ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.