Дар мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо оид ба футбол-2020 тими мунтахаби Итолиё пирӯзӣ ба даст овард.

Дар финал дастаи Роберто Манчини аз рӯи пеналтӣ дар Уэмбли Лондон Англияро бо ҳисоби 3: 2 мағлуб кард (вақти асосӣ ва изофӣ - 1: 1).

Итолиёвиҳо бори аввал соли 1968 ин ҷомро ба даст оварда буданд.  Пас аз он, онҳо дар финал боз ду маротиба бозӣ карданд, аммо аз фаронсавиҳо (2000) ва испаниҳо (2012) мағлуб шуданд.


Дарвозабони Итолиё Ҷанлуиджи Доннарумма беҳтарин футболбози Чемпионати Аврупо-2020 эълон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.