Паҳлавонони маъруфи кишвар Акмалиддин Каримов ва Садр Боев дар мусобиқа барои дарёфти ҷоми президенти Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дар Санкт-Петербурги Русия сазовори медал шуданд.

Бинои ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқа 22 август дар шаҳри Санкт Петербурги Русия бо иштироки беҳтарин самбокорони ҷаҳон дар 7 вазн миёни мардҳо баргузор шуд.

Гуфта мешавад, аз ҷумҳурии мо чор нафар – Акмалиддин Каримов (вазни -58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Ёқубҷон Боқиев (-71кг) ва Садр Боев (-88кг) – ба ин мусобиқа даъват шуда буданд.

“Акмалиддин Каримов дар вазни -58 кг сазовори медали нуқра ва 7000 доллари ИМА ҷоизапулӣ гардид. Дар ин вазн ҳамагӣ 7 нафар иштирок карданд. Акмалиддин дар даври аввал озод буд, сипас дар нимфинал пирӯз ва дар финал аз намояндаи Гурҷистон Вахтанг Чидрашвилӣ мағлуб шуд”, - омадааст дар хабарии Кумита.

Ҳамчунин Садр Боев дар вазни -88 кг медали биринҷӣ ва 5000 доллари ИМА мукофот гирифт. Ӯ дар чорякфинал бар намояндаи Эрон Саидмуҳаммадризо Саидимаданӣ пирӯз шуда, вале дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Ихтиёр Эшмуродов шикаст хӯрд. Дар рақобат барои ҷойи сеюм намояндаи Марокаш Ал Ҳусейн Чакириро мағлуб намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.