Паҳлавони ҷудокори шинохтаи тоҷик, Сомон Маҳмадбеков, ки аз Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон дар "Мусобиқаи байналмилалии ҷудои ба номи Ҷигоро Коно" ширкат мекард, барандаи ҷоми ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кг гардид.

Сомон Маҳмадбеков дар ин сабқат бар ҳарифаш Казбек Нагучев аз Русия пирӯз шуда, ғолиби мутлақи ин мусобиқа гардид. Бояд гуфт, ки Казбек Нагучев ғолиби Қаҳрамонии Аврупо дар соли 2020 мебошад, ки аз Сомон шикаст хӯрд.

Сомон ягона паҳлавон аз Тоҷикистон ва Осиё аст, ки ба ин мусобиқа роҳ ёфт ва вориди майдон шуд.

Ин мусобиқа имрӯз, 3-сентябр дар шаҳри Владивостоки Русия таҳти сарпарастии Владимир Путин, раисҷумҳури ФР ва Ёсихидэ Суга, нахуствазири Ҷопон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Шарқ (Восточный экономический форум) баргузор шуд.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар баробари Сомон, ҳамчунин амакзодааш Маҳмадбек Маҳмадбеков низ дар ин мусобиқот ширкат ва Русияро намояндагӣ мекунад.

Ба иттилои расида, дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ варзишгарон дар ду даста 6 нафарӣ- тими мунтахаби Русия ва дастаи яккачини ҷаҳон бо ҳамдигар сабқат карданд. Сомон аз номи Тоҷикистон дар ҳайати дастаи яккачини ҷаҳон рақобат кард.

Гуфта мешавад, ки қаҳрамонони ҷаҳон, барандагони унвони Қаҳрамонии Аврупову Осиё, ғолибони Ҷомҳои ҷудо, инчунин барандагони унвонҳои қаҳрамонии "Тоскулоҳи бузург" (Гранд слам) дар риштаи ҷудо (миёни ҷавонони то 23-сола) дар солҳои 2019-2021 аз Тоҷикистону Туркия, Олмон, Нидерланду Фаронса ва Маҷористон (Венгрия) дар як дастаи воҳид муқобили дастаи мунтахаби Русия рақобат мекунанд.

Масъулин тарҳи варзишӣ мегӯянд, шиори сабқат "Роҳ ба Порис-2024" («Дорога в Париж-2024») - Олимпиадаи оянда мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.