Муин Ғафуров, варзишгари 25-сола, ки бо лақаби “Тоҷик” дар муҳорибаҳои ММА баромад мекунад аз ҳарифи канадагии худ Чед Анхилигер мағлуб шуд ва натавонист "аввалин тоҷик дар UFC" сабт шавад.

Рақобати ду варзишгар барои бастани шартнома бо UFC 7-уми сентябри соли ҷорӣ дар Амрико дар доираи муҳорибаҳои “Dana White's Contender Series” доир шуд.

Рақиби Муин Чед Анхилигер ҳангоми натиҷагирии доварон ғайричашмдошт пирӯз шуд. Доварон дар се давраи муҳориба ба варзишгари тоҷик ва канадагӣ  (29-28, 28-29, 29-28) хол дода буданд.

Хабаргузории “championat.com” баъди тасмими доварон, навиштааст, ки “доварон дар UFC дуруст кор намекунанд. Ба тоҷик иҷоза надоданд, ки ба таърих дохил шавад.”

Феълан назари варзишгар Муин Ғафуров маълум нест, ки ӯ натиҷаи кори доваронро дуруст меҳисобад ё не.

Муин соли 2013 бори нахуст дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат варзида, дар самбои ҳарбӣ қаҳрамон шуд. Сипас дар қувваозмоиҳои ММА иштирок карда, дар зарфи панҷ сол 10 ғалаба ба даст овард. Ӯ аввалин варзишгари тоҷик аст, ки зери сарпарастии созмони бонуфузи варзишкорони UFC қувваозмоӣ мекунад.

Муин Ғафуров дар 19 муҳориба се шикаст ва 16 пирӯзӣ дорад, ки дар ҳашт муҳориба ҳарифони худро ба нокаут фиристодааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.