Мунтахаби футболи занонаи Индонезия дар гуруҳи “С”-и мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Душанбе ҷараён дорад, зинаи якумро ишғол намуд.

Дар бозии дуюми мусобиқаи интихобии Осиё мунтахаби Индонезия дастаи Сингапурро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт.

Дар мусобиқи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Душанбе ҷараён дорад, баргузории як вохӯрии дигар боқӣ мондааст.

Имрӯз, 29 сентябр ғолиби гуруҳи “В”муайян мешавад. Мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон бо дастаи Ветнам бозӣ мекунад. Барои роҳхат гирифтан ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022 ба тими Тоҷикистон танҳо ғалаба зарур аст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ

Ба ҳамватанонамон мухлисӣ мекунем!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.