Мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев бозиҳои худро дар мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2002 ба поён расонид.

Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрии охири рӯзи 29 сентябр дар гуруҳи “В” мунтахаби Тоҷикистон аз тими Ветнам бо ҳисоби калони 0:7 шикаст хӯрд. Дар ин гурӯҳ дастаи Ветнам зинаи аввалро касб кард.

Гуфта мешавад, ба ин тариқ, дар гуруҳҳои “В” ва “С”, ки вохӯриҳояшон дар Душанбе доир гардид, дастаҳои Ветнам ва Индонезия зинаҳои якумро ишғол намуда, ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.