Дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва занон ба анҷом расид. Дар он мисли чемпионати соли 2019 Ҷамшед Исоев ва Мутриба Ҳотамӣ ғолиб омаданд. Соли 2020 бар асари пандемия чемпионат оид ба шоҳмот дар Тоҷикистон баргузор нашуд.

Тавре котиби генералии Федератсияи миллии шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов хабар дод, дар мусобиқа 35 нафар мардон ва 17 нафар занон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ҷамшед Исоев
Сурат: Федератсияи шоҳмоти ҶТ

Байни занон бо касби 8,5 имтиёз аз 9 имтиёзи имконпазир Ҷамшед Исоев пирӯзӣ ба даст оварда, зинаи дуюмро бо 7 имтиёз Аъзам Юнусов ишғол кард. Барои ишғоли ҷойи сеюм якбора 6 шоҳмотбоз довталаӣ доштанд, ки ҳамаашон 6-имтиёзӣ гирифта буданд, лекин мувофиқи имтиёзҳои иловагӣ зинаи сеюм ба Аҳмад Афзалзода дода шуд.

Байни занон Мутриба Ҳотамӣ аз 7 холи имконпазир 7 имтиёз гирифта, касе бо ӯ рақобат карда натавонист. Зинаи дуюмро бо касби 6 имтиёз Рухшона Саидова ва мақоми сеюмро бо 4,5 имтиёз Амина Масҳабова ишғол намуданд.

Мутриба Ҳотамӣ
Сурат: Федератсияи шоҳмоти ҶТ

Акнун иштироки шоҳмотбозони тоҷик дар мусобиқаи Ҷашнвораи шоҳмот дар Душанбе ва Ҷоми кушоди президенти Ӯзбекистон дар Тошканд дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.