Тими мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U 23) ба марҳилаи ниҳоии Ҷомии Осиё-2022 роҳ ёфт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Марҳилаи ниҳоии ин мусобиқот соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асоси натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими мунтахаби Тоҷикистон шомили чоргонаи тимҳи беҳтарине шудааст, ки дар гурӯҳҳои худ мақоми дувумро гирифтаанд.
Тоҷикистоне бо ду пирӯзӣ бар Лубнону Непал бо ҳисоби 2:1 ва 6:0 ва як бохт аз Эрон (3:2) мақоми дувуми гуруҳи худро соҳиб шуда буд.
Бозии даври охирини мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни тимҳои мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ва Эрон шаби 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 7200 тамошобин доир гардид.
Ҳамаи панҷ гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Бозигари мизбонон Ислом Зоиров дар дақиқаи 10-ум тӯбро аз ҷаримагоҳи меҳмонон ба ҳадаф расонд ва ҳисобро кушод. Баъди се дақиқа капитан ё сарвони тими Эрон Ёсин Салмонӣ бо задани зарбаи ҷаримавӣ аз масофаи тахминан 18 метр муваффақ шуд ва ҳисобро баробар кард.
Голи дувуми Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 22-юм аз пенолтӣ ба самар расонид. Ду голи дигари Эронро сарвони ин тим Ёсин Салмонӣ дар дақиқаҳои 19-уми ва 45-уми зад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Душанбе барои Кумитаи ҳифзи муҳити зист бинои нав месозанд
Тоқаев ва Ҷабборов аз амалкарди Мирзиёев ҳимоят карданд
Дар ҷараёни бетартибиҳо дар Нуқус 18 нафар ҳалок шуданд
Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки Манораи 25-сола аз Файзобод худкушӣ кардааст
Русия ҳамаи маҳдудиятҳои гузаштан бо сарҳади заминиро бекор кард
Мақоми худмухтории Қароқалпоқистон дар Конститутсияи Ӯзбекистон ҳифз мешавад
Бонки миллӣ тангаҳои намунаи навро ба муомилот баровард
Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон эълон шуд
Ҷасади ду ҳафта пеш ғарқшудаи як духтар дарёфт шуд
Ӯзбекистон мизбони нишасти байнулмилалӣ оид ба Афғонистон хоҳад буд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста